Рустами Эмомалӣ ба Русия рафт

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, дирӯз, 4-уми декабр, бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, дирӯз, 4-уми декабр, бо як сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия рафтааст. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтаанд.

Гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ширкат меварзад.

Дар ин ҷаласа намояндагони парлумони тамоми кишварҳои аъзои СААД – Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа намояндагони парлумони Эрон ба ҳайси нозир ширкат хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.