Дар Тоҷикистон китоби олими ӯзбек дар бораи тасаввуф нашр шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби олим аз Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва таснифи таълимоти тасаввуф” баргузор шуд. Муаллифи китоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки он тобистони соли 2022 ба сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии онҳо  дар Хива тақдим шуд. Киоб ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби олим аз Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва таснифи таълимоти тасаввуф” баргузор шуд.

Муаллифи китоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки он тобистони соли 2022 ба сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии онҳо  дар Хива тақдим шуд.

Киоб ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, озарбойҷонӣ, туркӣ ва русӣ тарҷума шуда, он ба пайдоиш ва ташаккули равияи тасаввуфи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд бахшида шудааст.

Дар ин китоб ҳарчанд умумӣ бошад ҳам, як давраи муҳими таърихи тасаввуф дар қарнҳои VIII-X, ки то ба ҳол нодида гирифта шудааст, яъне давраи пеш аз мавҷудияти равияи Хоҷагон-Нақшбандия мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

«Дар ин самт дастовардҳои назаррасе ба мо дар Тоҷикистони бародарӣ маълум аст, аз ҷумла, асарҳои пурарзиши донишманди маъруфи тоҷик, академик Кароматулло Олимов оид ба мактаби тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр сазовори таваҷҷуҳи хосаанд», – гуфт Раҳимов.

Китоб дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе аз чоп баромад.  Мутарҷимони китоб Парвиз Иззатуллоев, Тоҷибой Икромов, муҳаррир Абдуллоҳ Субҳон мебошанд.

Чуноне ки директори Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Баҳром Абдуҳалимов таъкид кардааст, тасаввуфшиноси ҷавони ӯзбекистонӣ Комилҷон Раҳимов асари ҷолиберо таълиф намуда, ба ин восита ба пур кардани холигоҳи таҳқиқот дар ин самт кӯшидааст. Ва он як намунаи хуби дастоварди як нафар тасаввуфшиноси муосир дар таҳқиқи мероси муштараки ирфонӣ мебошад.

«Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ рӯйи чопро дидани асари Комилҷон Раҳимов аз тарафи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори муҳим буда, ошноӣ бо дастовардҳои олимони ҳар ду кишвари бародарро бештар менамояд ва барои таҳкими дӯстию бародарии олимони ду халқ хидмат хоҳад кард»,– менависад муҳаррири илмии рисола, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.