“Қалъаи Хуҷанд”-ро дар Суғд аз нав барқарор мекунанд

Ба корҳои таъмиру барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии қадимаи "Қалъаи Хуҷанд" 10 ширкати сохтмон ва устоҳои беҳтарин машғуланд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат варзида, ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба корҳои таъмиру барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии қадимаи "Қалъаи Хуҷанд" 10 ширкати сохтмон ва устоҳои беҳтарин машғуланд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар корҳои азнавсозии иншооти қадима гуруҳи лоиҳакашон ва мутахассисони идораҳо, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон ширкат варзида, ҳудуди қалъа сохтмони иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Гуфта мешавад, дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Маҷмааи таърихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" боздид намуда, ҷараёни корҳои бунёд, таъмиру тармими иншооти таърихиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва ба масъулин ҷиҳати тақвияти корҳо ва бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дод.

Қалъаи Хуҷанд таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, дар асоси дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз нав барқарор гардида истодааст.

Маҷмааи таърихиву фарҳангии қадимаи "Қалъаи Хуҷанд" аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ ба феҳристи 10 мавзеи тамошобобу дидании сайҳии Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.