БИР барои рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон 9,5 млн доллар ҷудо мекунад

Бонки исломии рушд (БИР) буҷети солонаро ба маблағи 363 млн доллар барои амалисозии лоиҳаҳои нави рушд дар 11 кишвари ҷаҳон маъқул шуморид. Аз ин маблағ 9,5 млн доллараш ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба рушди соҳаи маориф дар кишвар ҷудо мешавад, хабар медиҳад Saudi Press Agency. Қарор дар ин бора дар ҷаласаи […]

Asia-Plus

Бонки исломии рушд (БИР) буҷети солонаро ба маблағи 363 млн доллар барои амалисозии лоиҳаҳои нави рушд дар 11 кишвари ҷаҳон маъқул шуморид.

Аз ин маблағ 9,5 млн доллараш ба Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи лоиҳаи миллӣ оид ба рушди соҳаи маориф дар кишвар ҷудо мешавад, хабар медиҳад Saudi Press Agency.

Қарор дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонк таҳти раёсати президенти он Муҳаммад Ал-Ҷассер қабул шуд.

Ба сафи кишварҳои гирандагони кумак аз БИР барои амалисозии лоиҳаҳои гуногун инчунин Кот-д'Ивуар, Гвинея, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Маврикия, Танзания ва Африқои Ғарбӣ шомил шуданд.

Лоиҳаҳо, аз ҷумла ба харитасозии заминҳои ҳосилхез, беҳбуди шароити таҳсил, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар бахши кишоварзӣ ва барқарор намудани роҳҳо дар ин кишвар равона мегарданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин якчанд самтҳои муҳими фаъолияти бонк, аз ҷумла барнмаи омодагии стратегӣ ва вокуниш ба COVID-19, рафти татбиқи барномаи вокуниш ба амнияти озуқаворӣ, таъсис ва роҳандозии фаъолияти Фонди гуманитарии ҳадафнок барои Афғонистон ва ғайра баррасӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.