Reuters: Тоҷикистон ба механизми савдо бо рупия пайваст шудан мехоҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи истифодаи механизми ҳисоббаробарӣ дар савдо бо рупияи Ҳиндустон гуфтушунид доранд, хабар медиҳад Reuters.

Механизми мазкур имкон медиҳад, ки дар амалиёти молиявӣ (транзаксияҳо)-и байнулмилалӣ ба ивази доллар ва дигар асъори ҷаҳон рупия истифода шавад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷуз Тоҷикистон, дар ин маврид Куба, Люксембург ва Судон низ гуфтушунид дошта, инчунин ба масъалаи мазкур Маврикия ва Шри-Ланка таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Бонки захиравии Ҳиндустон (RBI) механизми ҳисоббаробарӣ дар савдоро бо рупияи Ҳиндустон моҳи июли соли равон таҳия намуд.

“Ҳукумати Ҳиндустон ният дорад, ки ба ин механизм кишварҳоеро ҷалб намояд, ки дар онҳо доллар кофӣ нест, гуфтааст мансабдори давлатӣ ва як манбаъ аз ин соҳа, ки аз ин масъала огаҳ аст. Манбаъҳо аз ифшои ному насабашон худдорӣ қарданд, зеро ин масъала махфӣ аст”, – таъкид мешавад дар хабари Reuters.

Ҳамчунин дар бораи гуфтушунидҳо оид ба истифодаи ин механизм бо шарикони нисбатан бузургтари Ҳиндустон, аз ҷумла содиркунандагони муҳими нафт – Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб сухан меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон 113 млн долларро ташкил додааст, ки ба 1,7%  аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хорииҷии ҷумҳурӣ баробар аст. Ҳиссаи воридоти молу маҳсулот аз Ҳиндустон дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 99,9%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...