spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эмомалӣ Рахмон барои ихтиёрӣ супоридани аслиҳа ба сокинони водии Рашт мӯҳлат муқаррар кард


Душанбе. 3-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни мулоқот бо сокинон дар майдони варзишии ноҳияи Рашт президенти Тоҷикитон изҳор дошт, ки рӯзҳои наздик шахсоне, ки ғайриқонунӣ аслиҳа нигоҳ медоранд, бояд онро ба ҳукуматдорон биспоранд ва дар рӯҳои таҷлили Иди Фитр онҳо авф хоҳанд шуд.




Ҳамчунин сарвари давлат афзоиши нишондодҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаро қайд карда, таъкид сохт, ки шароитҳои мавҷудаи минтақа ба рушди боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ мусоидат мекунанд.



«Солҳои ахир дар ноҳияи Рашт 15 нерӯгоҳи барқии хурд мавриди истифода қарор гирифт ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди ноҳия дар соли равон 15 млн. сомонӣ ҷудо кард, ки аз ҳисоби ин маблағҳо дар шаҳраки Навобод меҳмонхонаи замонавӣ ва майдони варзишӣ сохта шуданд», – гуфт ӯ.



Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки ба сифати тӯҳфа аз маблағҳои Фонди президент 8 адад трактории МТЗ-80, 6 адад мошини ёрии таъҷилӣ, 9 автобуси мусофирбар, 70 компютер ва 12 принтер тақдим мекунад. Зикр гардид, ки ҳамчунин барои таъмиру бозсозии варзишгоҳи ноҳия дар давоми ду сол 3 млн. сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон озими ноҳияи Тоҷикобод шуд.


Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...