Баъди марги як навраси 15-сола аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир), ки ҳафтаи гузашта аз тири автомати “Калашников” иттифоқ афтод, Собир Тӯйчиеви 47-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ду нафар ноболиғи дигар, ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, нисбати Собир Тӯйчиев бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парванда боз шудааст.
Ин модда ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз 1000 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 5 сол пешбинӣ мекунад.
Маълум гардидааст, ки автомати “Калашников”, ки аз тири он ноболиғи 15-сола ба ҳалокат расид ва дар паҳлӯи ҷасадаш дарёфт гаридааст, ба Собир Тӯйчиев тааллуқ дорад.
“Собир Тӯйчиев падари ҳафт фарзанд буда, пас аз фирори Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1997 ва пароканда шудани қисми низомии зери роҳбарияш автоматро бо худ овардааст”, – навиштааст Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар ноҳияи Ҷайҳун.
Гуфта мешавад, ки навраси кушташуда хеши дури Собир Тӯйчиев мебошад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи Нусратулло Маҳмадзода, дар ин парванда муттаҳами дигар Муҳаммадфарид Пирови 23-сола, ки силоҳро аз хонаи Собир Тӯйчиев гирифтааст, боздошт ва нисбаташ бо моддаи 195-и Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) ва моддаи 108 (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун то 2 соли маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса, ду ноболиғи соли таваллудашон 2006 ва 2007 низ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи аз тири автомати “Калашников” ба ҳалокат расидани ноболиғи 15-сола шоми 26-уми декабри соли гузашта рух дода буд. Тири автомат ба чашми чапи наврас расид.
Тафтишот аз рӯи ин қазия идома дорад.


