Суғд: Табибони “Корвони саломатӣ” дар як рӯз 400 нафарро муоина карданд

Дар доираи чорабинии “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар давоми як рӯз 400 нафар сокинон бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, 10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар доираи чорабинии “Корвони саломатӣ” дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар давоми як рӯз 400 нафар сокинон бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, 10 нафар табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт 400 нафар сокинонро муоина намуданд.

“Табибони Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо истифода аз нақлиёти сайёри тиббӣ ба сокинон хизмат расонида, ба шаҳрвандон тавсияҳо доданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешавад.

Лоиҳа бар асоси созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд соли 2019 роҳандозӣ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 2,06 млн долларро ташкил медиҳад, ки 2 млн доллараш маблағи Фонди авруосиёии суботу рушд ва 60 ҳазор доллараш – саҳми Тоҷикистон аз маблағҳои бахши тандурустӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.