Гази моеъ боз арзон шуд. Акнун он ҳудуди 4 сомонӣ фурӯхта мешавад

Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ба таври чашмрас поин омадааст. Қимати ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар нисбат ба ҳафтаи гузашта 1 сомонӣ арзон шудааст. Имрӯз, 12-уми январ, дар пойтахти кишвар нархи гази моеъ 3 сомониву 90 дирам арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта он 4 сомониву 90 дирам нарх дошт. Дар шимоли Тоҷикистон ҳоло […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нархи гази моеъ ба таври чашмрас поин омадааст. Қимати ин навъи сӯзишворӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар нисбат ба ҳафтаи гузашта 1 сомонӣ арзон шудааст.

Имрӯз, 12-уми январ, дар пойтахти кишвар нархи гази моеъ 3 сомониву 90 дирам арзиш дорад. Ҳафтаи гузашта он 4 сомониву 90 дирам нарх дошт.

Дар шимоли Тоҷикистон ҳоло нарх мутаносиби пойтахти кишвар аст. Дар шаҳри Хуҷанд гази моеъ 4 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҷануби кишвар, дар шаҳри Бохтар ин навъи сӯзишворӣ 4 сомониву 10 дирам нарх дорад.

Нархи гази моеъ дар ВМКБ гаронтар аз дигар манотиқ аст. Имрӯз дар шаҳри Хоруғ гази моеъ 7 сомонӣ арзиш дорад.

Нархи гази моеъ дар моҳи январи соли 2021 аз 4 сомонӣ то 4 сомониву 20 дирам буд, ки баъд аз он боло рафтан гирифт ва ба рекорди худ – то 9 сомонӣ барои 1 литр расид.

Нархи дигар навъҳои сӯзишворӣ бетағйир боқӣ мондааст: бензини АИ-92 -7сомниву 80 дирам, АИ-95 8 сомониву 20 дирам, сӯзишвории дизелӣ 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар ин баробар, дар баъзе нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт ва шимоли кишвар бензини навъи АИ-92 кам пайдо мешавад.

Омили арзоншавии газ чӣ аст?

Коршиносон сабаби арзон шудани нархи гази моеъро ба ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар ва ба омадани фасли зимистон рабт медиҳанд.

Як коршиноси ин масоил бо таъкиди зикр нагардидани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, “нисбат ба солҳои қаблӣ воридоти газ ба Тоҷикистон бештар шудааст”.

“Дар ин баробар, пешбинӣ мешавад, ки нархи газ дар Қазоқистон ҳам рӯ ба поин овардааст. Газе, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, албатта, арзон аст”, – гуфт коршинос.

Ба гуфтаи манбаъ, коҳиши нархи газ дар фасли зимистон, чун таҷрибаи солҳои пешин, як амри маъмулӣ ҳам ҳаст.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон аст ва тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз нисфи моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир – 487 доллар боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.