Аз боздоштгоҳи Сахаровои Маскав 10 муҳоҷири тоҷик ба ватан фиристода шуданд

Дирӯз, 18-уми январ, аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сахаровои шаҳри Москав, ки дар он муҳоҷирон бо баҳонаи вайрон кардании қоидаҳои будубош нигоҳдорӣ мешаванд, 10 муҳоҷири тоҷик  ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад ва мегӯяд, 18-уми январ кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин марказ дидан […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 18-уми январ, аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сахаровои шаҳри Москав, ки дар он муҳоҷирон бо баҳонаи вайрон кардании қоидаҳои будубош нигоҳдорӣ мешаванд, 10 муҳоҷири тоҷик  ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад ва мегӯяд, 18-уми январ кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ин марказ дидан карданд.

Ин ниҳоди дипломатӣ мегӯяд, кормандони сафорат бо Алексей Лагода, роҳбари Маркази Сахаровои шаҳри Москав мулоқот анҷом дода, масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъулини сафорат ба шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия ва ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия тавсияҳо доданд.

“Ҳамзамон, ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид. Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат.

Гуфта нашудааст, ки ҳоло дар марказ чанд шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Русия, ки макони кори қариб 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон аст, пайваста аз боздошту таъқиби муҳоҷирон барои вайрон кардани шароити будубоши ин кишвар хабар медиҳад. Бештари онҳо дар маркази Сахаровои Маскав нигоҳдорӣ мешаванд.

Сафорати Тоҷикистон қаблан ҳам дар бораи боздид аз ин марказ ва дар мувофиқа бо роҳбарияти он, ирсол кардани муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.