Панҷ ширкати тоҷикӣ дар Эрон. Имзои ёддошт барои истеҳсоли муштараки дору

Дорусозони Тоҷикистону Эрон азм доранд истеҳсоли муштараки маводи дорувориро ба роҳ монанд. Аллакай чанд ширкати дорусозии ду кишвар миёни ҳам ёддошт ба имзо расонидаанд. Роҳбарони 5 ширкати истеҳсоли дору аз Тоҷикистон рӯзҳои 16-21-уми январ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои дорусозии эронӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли муштараки дору ба шаҳри Теҳрони Эрон сафар намудаанд. Дар […]

Asia-Plus

Дорусозони Тоҷикистону Эрон азм доранд истеҳсоли муштараки маводи дорувориро ба роҳ монанд. Аллакай чанд ширкати дорусозии ду кишвар миёни ҳам ёддошт ба имзо расонидаанд.

Роҳбарони 5 ширкати истеҳсоли дору аз Тоҷикистон рӯзҳои 16-21-уми январ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои дорусозии эронӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли муштараки дору ба шаҳри Теҳрони Эрон сафар намудаанд. Дар ин бора Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Инҳо ширкатҳои дорусозии ватании “Сино-2013”, “Вежа”, “Ориё-Медикал”, “Ҳалим-2002” ва “Тиб барои Шумо” мебошанд, ки намояндагони онҳо зимни сафар ба Теҳрон бо чанд ширкати эронӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

“Ширкатҳои зикргардида зимни имзои ёддошт ҳамчунин тавофуқ карданд, ки дар ҷараёни ҳамкории муштарак ва исеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба таври васеъ истифода мебаранд”, – гуфт Эмомалӣ Мирзоев.

Муҳамад Ҳусайни Некном, мудири кулли умури байналмиллалии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон низ бо тайиди ин хабар ба хабаргузории “ИРНА” гуфтааст, ки “тафоҳумнома байни мудири кулли умури доруи Эрон ва мудири кулли доруи Тоҷикистон ба имзои расид”.

Ба қавли Муҳамад Ҳусайни Некном низоми тандурустии Эрон дорои имконоти зиёде буда, метавонад маншаи хадамот дар арсаи омӯзиш, дармон, дору, таҳқиқот ва табодули устоду донишҷӯ барои Тоҷикистон низ бошад.

“Ҳоло мо 97 дарсади ниёзҳои дорувориро худамон таъмин мекунем, аммо 90 дарсади доруҳои ниёзманди Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад. Маркази дармонии эронӣ дар кишвари Тоҷикистон фаъол аст ва умед аст, ин ҳамкориҳо дар арсаи дигар, бавижа дар бахши дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ идома пайдо кунад”, – таъкид кардааст Некном.

Бояд гуфт, ин созишномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми ахири худ 23-юми декабри 2022 ба зарурати рушди саноати дорусозӣ дар кишвар таъкид карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта буд, ки “ҳоло дар кишвар истеҳсоли 540 намуди доруворӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳаҷми маҳсулоти соҳа соли 2022 нисбат ба соли 2021-ум се баробар афзоиш ёфтааст” ва дар ин баробар таъкид намуд, ки “имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд”.

“Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд”, – супориш дод раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдовар мешаем, ки Тоҷикистон эҳтиёҷоти худро ба маҳсулоти доруворӣ асосан бо ворид кардани он аз хориҷа таъмин мекунад ва танҳо дар зарфи ду соли охир ба кишвар ба маблағи қариб 84 миллион доллар доруворӣ ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.