Дар Хуҷанд буғхонаи корхонаи истеҳсоли машруботро бастанд

Пас аз шикояти сокини маҳаллаи 30-уми шаҳри Хуҷанд мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолияти буғхонаи корхонаи машруботи “Сайҳун”-ро боздошта, роҳбари онро ҷарима кардаанд. Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дирӯз, 24-уми январ, ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар пайи шикояти сокинони маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанд оид ба ихроҷи зиёди моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво аз ҷониби […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Пас аз шикояти сокини маҳаллаи 30-уми шаҳри Хуҷанд мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолияти буғхонаи корхонаи машруботи “Сайҳун”-ро боздошта, роҳбари онро ҷарима кардаанд.

Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дирӯз, 24-уми январ, ба “Азия-Плюс” гуфт, “дар пайи шикояти сокинони маҳаллаи 30-юми шаҳри Хуҷанд оид ба ихроҷи зиёди моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво аз ҷониби корхонаи машруботи ҶДММ ЛВЗ “Сайҳун” мутахассисони соҳа ба ин корхона рафта, санҷиш гузарониданд ва маълум шуд, ки шикоятҳо асос доранд”.

Сокинон дар шикояти худ аз дуди ғализи ин корхона шикоят карда, аз мақомот хоста буданд, ки чораандешӣ карда шавад.

Абдуаҳад Ҳакимзода гуфт, санҷиши ҳавои атрофи корхона собит намуд, ки партови моддаҳои зарарнок аз меъёри муқарраргардида зиёд будааст.

Ҳамчунин, муайян гардидааст, ки муҳлати амали иҷозатномаи корхона барои ихроҷи партови моддаҳои зараровар ба ҳаво низ гузаштааст.

Бо назардошти меъёри зиёди партови моддаҳои зараррасон ва гузаштани муҳлати амали иҷозатнома барои ихроҷи партов бо қарори сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд фаъолияти дегхонаи ҶДММ “Корхонаи машруботбарории Сайҳун” муваққатан боз дошта шудааст.

Ҳамчунин, барои бе иҷозат ва аз меъёр зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво ҶДММ ЛВЗ “Сайҳун” 1670 сомонӣ ҷарима гардидааст.

Фирӯз Қодиров, як масъули корхонаи “Сайҳун” имрӯз, 25-уми январ, дар сӯҳбат бо мо муваққатан бастани корхонаи истеҳсоли машруботро таъйид кард. Ӯ гуфт, ки “умед доранд пас аз бартараф кардани камбудиҳо коргоҳ фаъолияташро аз сари нав ба роҳ мемонад”.

Ёдовар мешавем, ки шикояти сокинон аз дуди корхонаи “Сайҳун” моҳи ноябри соли 2022 дар сомонаҳои  иҷтимоӣ паҳн шуда буд.  Онҳо аз мақомоти дахлдори шаҳр талаб мекарданд, ки  ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи “Сайҳун” мусоидат намоянд.  Зеро корхона ҳамагӣ 10-15 метр дуртар аз хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буда, дуди он боиси нороҳатии сокинон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.