Чаро дар Тоҷикистон телевизиони хусусии умумимиллӣ нест? Шарҳи раиси Кумитаи телевизион ва радио

Барои таъсиси телевизиони хусусӣ дар пойтахти Тоҷикистон як нафар муроҷиат кардааст, аммо пас аз шиносоӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда, “барои фикр кардан” рафтааст. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, хабар дод. Нуриддин Саид гуфт, барои таъсиси телевизиони хусусӣ бо дархосткунанда шахсан […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Барои таъсиси телевизиони хусусӣ дар пойтахти Тоҷикистон як нафар муроҷиат кардааст, аммо пас аз шиносоӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳои дархостшаванда, “барои фикр кардан” рафтааст. Дар ин бора Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал, хабар дод.

Нуриддин Саид гуфт, барои таъсиси телевизиони хусусӣ бо дархосткунанда шахсан сӯҳбати рӯ ба рӯ анҷом додааст ва феҳристи ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ мешавад, ба вай пешниҳод намудааст.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио аз нафари дархосткунанда ном набурд, вале гуфт, ки “аз он шахс хоҳиш кардам, ки ҳаракат кунед, фарогирии телевизиони таъсисмедодаи шумо ҳам дар Душанбе ва ҳам дар ҳудудҳои сарҳадии Тоҷикистон бошад”.

“Мо минтақаҳое дорем, ки воқеан ба телевизиони бо забони давлатӣ фаъолият мекарда эҳтиёҷ доранд. Бисёр хурсанд шудам аз ин пешниҳод. Он кас ҳоло рафтанд, ки фикр кунанд. Баргашта, ки омаданд, “ҳа” ё “не”-ашонро мегӯянд”, – гуфт Нуриддин Саид.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 14 телевизиони давлатӣ ва 18 телевизиони хусусӣ дар манотиқи гуногун кишвар фаъолият мебаранд, аз ҷумла дар пойтахти кишвар низ телевизиони хусусии СМТ фаъол аст, аммо ягон телевизиони хусусии умумимиллӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.