Директори МТС: Наметавонем ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо бо Афғонистон қатъ кунем

Бо гузашти беш аз якуним соли ишғоли қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* наздиктарин кишвари ҳамсояи он Тоҷикистон ҳамоно дар мавқеи эълонкардаи худ устувор боқӣ мондааст ва онро тағйир надодааст. Гузашти вақт ҳам собит намуд, ки мавқеи Тоҷикистон бо мавқеи аксари кишварҳои ҷаҳон наздик ва дуруст аст. Ин нуктаро имрӯз, 8-уми феврал, Хайриддин Усмонзода, директори […]

Бо гузашти беш аз якуним соли ишғоли қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* наздиктарин кишвари ҳамсояи он Тоҷикистон ҳамоно дар мавқеи эълонкардаи худ устувор боқӣ мондааст ва онро тағйир надодааст. Гузашти вақт ҳам собит намуд, ки мавқеи Тоҷикистон бо мавқеи аксари кишварҳои ҷаҳон наздик ва дуруст аст.

Ин нуктаро имрӯз, 8-уми феврал, Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС), дар як нишасти хабарӣ таъкид намуд.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон бо Афғонистон муносибатҳои деринаи таърихӣ ва ҳамҷаворӣ дорад, аз ин лиҳоз, дар қиболи он ҳаводисе, ки дар ин кишвар рӯй медиҳанд, бетараф буда наметавонад.

“Президенти кишвар таъкид намуда буданд, ки мо ба ҳодисаҳое, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷараён мегиранд, мудохила намекунем, вале бетараф буда ҳам наметавонем”, – зикр кард Хайриддин Усмонзода.

Ба таъкиди директори МТС, мазҳ бо назардошти ин нукта, Тоҷикистон наметавонад ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо бо Афғонистон қатъ намояд.

“Тоҷикистон ҳавасманди он аст, ки кишвари ҳамсояи мо бехатару босубот бошад, рушд кунад. Амниятро бе рушди иқтисод таъмин кардан ғайриимкон аст. Иқтисодиёт ҷанбаи инсонпарварӣ дорад. Бинобар ҳамин, Тоҷикистон байни ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои иқтисодию гуманитарӣ фарқ мегузорад. Айни ҳол ҳамкории мо дар самти иҷтисодӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст”, – иброз дошт Хайриддин Усмонзода.

Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси сиёсии Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва он барои тамоми кишварҳо возеҳу равшан аст.

“Ташкили ҳукумати фарогир бо ҷалби тамоми нерӯҳои сиёсӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои тамоми табақаҳои аҳолии ин кишвар, новобаста аз мансубияти қавмӣ. Ин мавқеи сиёсии пешгирифтаи Тоҷикистон бо мавқеи аксари кишварҳои дунё наздик аст ва бо гузашти вақт дурустии ин мавқеъ исбот шуда истодааст”, – гуфт директори МТС.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвари минтақа аст, ки бо ҳукумати сарпарасти дар Афғонистон ташкилнамудаи Толибон равобити сиёсӣ надорад, аммо дар баробари ин, ироаи кӯмакҳои башардӯстонаро тавассути қаламравӣ худ ва фурӯши барқро ба ин кишвар низ қатъ накардааст.

Кишварҳои дигари минтақа бо фиристодани сафирону вазирони худ ба Кобул бо Толибон навъе равобитро ба роҳ монданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.