Вазорати тандурустӣ: Дар Душанбе ҳама аз COVID-19 ваксина гирифтанд

Дар Душанбе нақшаи ваксиназанӣ зидди бемории коронавирус 100% иҷро шуда, дар дигар минтақаҳо эмкунӣ идома дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, то 15 феврали соли 2023 дар Тоҷикистон 5 млн 351 ҳазору […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Душанбе нақшаи ваксиназанӣ зидди бемории коронавирус 100% иҷро шуда, дар дигар минтақаҳо эмкунӣ идома дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то 15 феврали соли 2023 дар Тоҷикистон 5 млн 351 ҳазору 526 нафар (98,9%) зидди сироят аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.

“Ба 5 млн 287 ҳазору 165 нафар 2 воя (доза), ба 5 млн 247 ҳазору 165 нафар – вояи 3-юми ваксина ва 4 млн 223 ҳазору 325 нафар – вояи 4-уми ваксина гузаронида шуд”, – иброз дошт вай.

Дар минтақаҳо вазъ тариқи зайл аст:  

Дар ВМКБ 85%-и аҳолӣ – вояи 1-ум, 83,7% – вояи дуюм, 71,6% – вояи 3-юм ва 42,4% – вояи 4-уми ваксинаро гирифтаанд.

Дар вилояти Суғд вояи 1-ум, 2-юм ва 3-юм-ро – 100% ва вояи 4-умро – 80,3%-и сокинон гирифтаанд.

Дар вилояти Хатлон бо вояи 1-ум – 100%, вояи 2-юм – 98,4%, вояи 3-юм – 97,4% ва вояи 4-ум – 60,7%-и аҳолӣ эм карда шудаанд.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ бо вояи 1-ум – 86,5%, бо вояи 2-юм – 83,6%, бо вояи 3-юм – 80% ва 4-ум – 60,7%-и аҳолӣ ваксина зада шудаанд.

Маъракаи ваксиназанӣ зидди коронавирус дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 оғоз шуд. Он барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмист. Ваксина гирифтан бепул аст. Танҳо аз ваксинаи "CoronaVac" истифода мешавад.

Танҳо аз ваксинаи "CoronaVac" истифода мешавад

Наврӯз Ҷаъфаров илова намуд, ки айни замон дар кишвар ваксинаи "CoronaVac"-и истеҳсоли ширкати SinoVac-и Чин истифода мешавад.

“Аз ин ваксина ҳоло 808 ҳазору 426 воя боқӣ мондааст. Ба Тоҷикистон ҳамагӣ 21,3 млн вояи 5 навъи ваксина оварда шуд”, – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, “дар кишвар беморӣ нест, ҳолатҳои сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, лекин барои пешгирии хуруҷҳои нави эпидемия ваксиназанӣ идома дорад”.

Бино ба маълумот дар сомонаи covid.tj, ҳолатҳои сироят ва беморӣ дар кишвар аз 18 феврали соли гузашта ба қайд гирифта намешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия то 17 феврали соли гузашта теъдоди беморон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва шумори шифоёфтагон – 17 ҳазору 264 нафарро ташкил додааст.

Теъдоди расмии фавтидагон ҳанӯз аз нимаи дуюми соли 2021 тағйир наёфта, 124 нафар зикр шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.