“Поси анъанаи ниёгон”. Таҷлили ҷашни Сада дар Кӯлоб

Дирӯз, 31-уми январ, дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Сада таҳти унвони “Сада – ҷашни гармию нур” бо иштироки масъулини ҳукумати вилояту шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва меҳмонони зиёд таҷлил карда шуд. Тибқи анъанаи ниёгон, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ ба зулмот дониста мешавад. […]

Мубораки Қосим, рӯзноманигори шаҳрвандии Asia-Plus

Дирӯз, 31-уми январ, дар шаҳри Кӯлоб ҷашни Сада таҳти унвони “Сада – ҷашни гармию нур” бо иштироки масъулини ҳукумати вилояту шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, соҳибкорон ва меҳмонони зиёд таҷлил карда шуд.

Тибқи анъанаи ниёгон, иштирокдорон нахуст гулхан афрӯхтанд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада мебошад. Гулхан ҳамчун рамзи ғалабаи рӯшноӣ ба зулмот дониста мешавад.

Деҳқонону ҳунармандон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои соҳибкории Кӯлоб дастархони идона ороста буданд, ки меҳмонон аз он дидан карданд.

Намояндагони мақомоти расмӣ меҳмонону сокинони шаҳрро бо ин ҷашни қадима табрик гуфтанд.

Баъдан, ҳунармандони шаҳр барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.

Дар доираи таҷлили ҷашн ҳамчунин намоиш ва фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ низ баргузор гардид.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.