Наҷотдиҳандагони тоҷикро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд

Шаби гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи Тоҷикистон, ки дар корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок карданд, ба ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи Душанбе имдодгаронро намояндагони ҳукумат, КҲФ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, пайвандону наздикони онҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешвоз гирифтанд. Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи […]

Asia-Plus

Шаби гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи Тоҷикистон, ки дар корҳои ҷустуҷӯ дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок карданд, ба ватан баргаштанд.

Дар фурудгоҳи Душанбе имдодгаронро намояндагони ҳукумат, КҲФ, сафири Туркия дар Тоҷикистон, пайвандону наздикони онҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва кормандони тиббии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд.

Кори имдодгарони тоҷик дар минтақаи бештар осебдидаи Қаҳрамонмаръаш оғоз гардида, сипас онҳоро ба қитъаи дигар – Хатой сафарбар карданд.

Дар давоми кор имдодгарони тоҷик 3 нафарро зинда наҷот дода, 217 ҷасади фавтидагонро аз зери харобаҳо берун оварданд.

Дар ҷараёни корҳо президенти Туркия Раҷаб Тайип Эпрдуғон ва вазири мудофаи миллии ин кишвар Хулуси Аскар боа наҷотдиҳандагони тоҷик вохӯрда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ карданд. Маросими гусели наҷотдиҳандагони тоҷик дар фурудгоҳи Туркия

Дар ҳамин ҳол, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия то 49 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.