Имсол Наврӯзи асосӣ дар Хуҷанд таҷлил мешавад

Имсол Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад ва дар ин чорабинӣ ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Дар ин бора аз вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, иштироки зиёиён, фарҳангиён ва сарояндагони номдори тоҷик дар назар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имсол Наврӯзи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад ва дар ин чорабинӣ ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Дар ин бора аз вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, чорабинии тантанавӣ дар варзишгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, иштироки зиёиён, фарҳангиён ва сарояндагони номдори тоҷик дар назар аст.

“Дар ҷашни Наврӯз ширкати меҳмонони хориҷӣ ҳам пешбинӣ шудааст. Дар вилояти Суғд кумитаи таҷлили ҷашни Наврӯз таъсис ёфтааст”, – гуфтанд дар вазорат.

Аммо дар Вазорати фарҳанг дақиқ нагуфтанд, ки Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд кадом рӯз таҷлил карда мешавад.

Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд мусобиқаи аспдавонӣ, бузкашӣ, ҷашнвораҳои “Сайри гули лола” ва “Маликаи баҳор” пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, соли гузашта чорабиниҳои асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон баргузор шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯз аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёӣ маҳсуб ёфта, он соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалиро гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.