Манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар яке аз хиёбонҳои Душанбе

Дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад, хабар доданд ба Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт. “Дар робита ба оғози корҳои таъмиру сохтмон дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров, аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов (маҳаллаҳои 84-ум ва 104-ум) то кӯчаи Шамсӣ (гардиши роҳи Агентии мелиоратсия) аз соати 22:00-и 18 март […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан манъ карда мешавад, хабар доданд ба Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт.

“Дар робита ба оғози корҳои таъмиру сохтмон дар хиёбони Бобоҷон Ғафуров, аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов (маҳаллаҳои 84-ум ва 104-ум) то кӯчаи Шамсӣ (гардиши роҳи Агентии мелиоратсия) аз соати 22:00-и 18 март ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ карда мешавад”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Баргузории корҳои таъмиру сохтмон мувофиқи Нақшаи генералии Душанбе ва қарори марбутаи раиси пойтахт ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост шудааст, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода кунанд.

Аз ҷумла, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбонҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Шерализода, Маяковский, Баҳовуддинов ва Бунёдкорон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.