Чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк меравад?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат. Дар хадамоти матбуоти президент зикр карданд, ки парвоз ба ИМА рӯзи 20 март ба нақша гирифта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк бо мақсади иштирок дар иҷлосияи Конфронс оид ба масоили оби Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Дар хадамоти матбуоти президент зикр карданд, ки парвоз ба ИМА рӯзи 20 март ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк бо мақсади иштирок дар иҷлосияи Конфронс оид ба масоили оби Созмони Милали Муттаҳид, ки рӯзҳои 22-24 март дар Ню-Йорк доир мегардад, сафар мекунад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва Нидерланд созмон дода мешавад. Дар доираи кори конфронс як қатор чорабиниҳои махсуси сатҳи баланд ва дигар чорабиниҳои марбута, ки аз ҷониби давлатҳори узв, сохторҳои СММ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд, баргузор мегардад.

Дар хадамоти матбуот ҳамчунин гуфтанд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи тадриҷан обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ дар бораи солҳои 2018-2028-ро эълон кардани Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор” қарор қабул кард.

Ҳадаф аз қабули ин қатънома дастгирии рушди устувор ва идоракунии маҷмӯавӣ (комплексӣ)-и захираҳои обӣ унвон мешавад.

Он ҳамчунин ба мусоидат ҷиҳати ҳамкорӣ ва шарикӣ барои расидан ба ҳадаф ва вазифаҳои дар сатҳи байнулмилалӣ мувофиқашуда бо шумули Рӯзнома дар соҳаи рушди устувор дар давраи то соли 2030 равона гардидааст.

Ҳамчунин моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.