Дар шабака барои кӯдакони размикори тоҷики дар ИМА фавтида ҷамъоварии кумак эълон шуд

Дар шабака барои кӯдакони размикор аз Тоҷикистон дар ММА Муҳаммадалӣ Саидов, ки бар асари ҷароҳат бардоштан ҳангоми машқ ҳалок шуд, ҷамъоварии кумак эълон шуд, хабар медиҳад Sports.tj. “Дӯстони ман барои ёрӣ ба оилаи варзишгари фавтида кумак ҷамъ мекунанд. Агар шумо ҳам хоҳиш дошта бошед, ин корро карда метавонед (https://gofund.me/595ff2c7, – навиштааст рӯзноманигори шореҳи ММА Игор […]

Asia-Plus

Дар шабака барои кӯдакони размикор аз Тоҷикистон дар ММА Муҳаммадалӣ Саидов, ки бар асари ҷароҳат бардоштан ҳангоми машқ ҳалок шуд, ҷамъоварии кумак эълон шуд, хабар медиҳад Sports.tj.

“Дӯстони ман барои ёрӣ ба оилаи варзишгари фавтида кумак ҷамъ мекунанд. Агар шумо ҳам хоҳиш дошта бошед, ин корро карда метавонед (https://gofund.me/595ff2c7, – навиштааст рӯзноманигори шореҳи ММА Игор Лазорин. – Ӯ рӯзгори оилаи худро таъмин карда, падари 4 фарзанд буд”.

Масъули ҷамъоварии кумак Далер Амрихудоев мебошад.

“Ҷамъоварии маблағ барои кӯдакони бародарамон Муҳаммадалӣ Саидов, ки чанде пеш даргузашт. Ӯ беҳтарин падар барои фарзандон, беҳтарин шавҳар барои ҳамсар, марди оқилу варзишгари хуб буд. Лутфан барои кӯмак оилаи ӯро дастгирӣ кунед. Мо ҳамроҳ метавонем зиндагии онҳоро дар ин рӯзҳои душвор каме осонтар кунем”, – навиштааст ӯ.

Размикори муҳорибаҳои омехта (ММА) Муҳаммадалӣ Саидов пас аз ҷароҳат бардоштан дар машқ ҳалок шуд. Гуфта мешавад, ӯ дар ИМА фавтидааст. Ӯ 29 сол дошт ва соҳиби 4 фарзанд – 3 писару 1 духтар буд.

Дар муҳоҷрибаҳои ММА ӯ ду ғалаба ба даст оварда, ягон бор ба бохт дучор нашудааст.

Ҳангоми машқ Муҳаммадалӣ Саидов аз сараш ҷароҳати вазнин гирифта, таъҷилан дар беморхона бистарӣ мешавад. Ӯ 9 рӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дошта, ба худ наомад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.