Ба кӯдаки худ китоб харед! Оғози Фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”

Дирӯз, 2-юми апрел, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!” оғоз гардид, ки то 15-уми апрел давом хоҳад кард. Дар ин бор аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, Манбаъ гуфт, фестивали имсола ба ифтихори […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 2-юми апрел, дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоби бачагона Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!” оғоз гардид, ки то 15-уми апрел давом хоҳад кард. Дар ин бор аз Вазорати фарҳанг хабар доданд,

Манбаъ гуфт, фестивали имсола ба ифтихори 145-солаги сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.

Дар даромадгоҳи китобхона намоиши китоб, матбуоти даврӣ, дастовардҳои илмию варзишии кӯдакону наврасон ва намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ташкил карда шуда, меҳмонон аз он дидан намуданд. Иштирокдорони Фестивал дар ин ҷо имкони тамошои порчаҳоро аз намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузор намудани фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ҳамзамон, дар ин чорабинӣ кӯдакон имкон пайдо кардан бо адибони шинохтае чун Равшани Махсумзод, Азизи Азиз, Латофат Кенҷаева, Юсуф Аҳмадзод ва дигарон суҳбат намуда, таассуроти хешро доир ба китобҳои хондаашон баён намоянд.

Фестивал тӯли ду ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шуда, дар доираи он озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи "Тоҷикистон ватани Наврӯз аст", озмуни беҳтарин қироати шеър, достон, қасида, ғазал таҳти унвони "Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст", озмуни "Хонандаи фаъолтарин", озмуни "Ҳунар беҳтар аз зар бувад", озмуни " Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд" ва маҳфилҳои эҷодии адибони бачагона сурат гирифта, дар охир ғолибону иштирокдорони фаъол бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Фестивали мазкур 15-уми апрели соли равон соати 10:00 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷамъбаст мегардад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.