Роҳ ва таҳхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд зер лойоба монданд. Шарҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Дар пайи боришоти шадиди рӯзи гузашта дар баъзе манотиқи кишвар сел омада, хисорот низ ворид шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гшаҳрвандии Тоҷикистон, шоми 2 апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд. Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти […]

Дар пайи боришоти шадиди рӯзи гузашта дар баъзе манотиқи кишвар сел омада, хисорот низ ворид шудааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гшаҳрвандии Тоҷикистон, шоми 2 апрел бар асари боришоти борон маҳаллаи 3-юми кӯчаи Зуҳал, роҳи асосии маҳаллӣ ва чанд таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд зери сел мондаанд.

Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови низ сел омадааст.

“Дар натиҷа, ду километр роҳи маҳаллӣ тахриб ёфта, як бинои истиқоматӣ, ду молхона ва як қисми заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла як боғи зардолу, қисман зери об мондааст", – гуфтанд дар КҲФ.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов низ сел ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара тақрибан 300 метр роҳи маҳаллиро лойоба ва сангреза зер кардааст”, – таъкид мекунад КҲФ.

Қисме аз роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ низ зери лойобаву сангреза мондааст.

Ба иттилои манбаъ, наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини “Газел”-ро аз лойоба наҷот доданд.

Бахше аз шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ низ аз лой тоза карда шудааст.

Айни ҳол барои анҷом додани дигар корҳо оид ба рафъи оқибатҳо ва муайян кардани зарар дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавии ҳолатҳои фавқулодда кор мекунанд.

“Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – гуфтанд дар КҲФ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.