Аз боришоти зиёд истгоҳи метрои Тошкандро об зер кард

Бар асари боришоти шадид истгоҳҳои метрои Тошканд зери об мондаанд. Аз ҷумла, аз борони шадид ва жола, ки рӯзи 2 апрел дар шаҳр борид, истгоҳи метрои “Амир Темури Хиёбонӣ”-ро об зер кард ва он ба гузаргоҳи зериобии истгоҳ ворид шуд, хабар медиҳад Kun.uz. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори видеоиро мунташир кардаанд, ки дар он […]

Бар асари боришоти шадид истгоҳҳои метрои Тошканд зери об мондаанд. Аз ҷумла, аз борони шадид ва жола, ки рӯзи 2 апрел дар шаҳр борид, истгоҳи метрои “Амир Темури Хиёбонӣ”-ро об зер кард ва он ба гузаргоҳи зериобии истгоҳ ворид шуд, хабар медиҳад Kun.uz.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навори видеоиро мунташир кардаанд, ки дар он дида мешавад чӣ гуна ҷараёни об аз зинапояҳои гузаргоҳи зеризаминӣ мерезад ва мусофирон бо душворӣ роҳ мераванд.

Дафтари матбуоти метрои Тошканд сабаби инро чунин шарҳ додааст, ки боришоти зиёд дар Тошканд боиси пур шудани ҷӯйборҳо шудааст”.

Гуфта мешавад, “ин вазъ аз ҷониби мақомоти марбута бартараф шуда, барои ҳаракати қатораҳо монеъа эҷод накардааст”.

Дар ҳамин ҳол, дар метрои Тошканд мушаххас нагуфтаанд, ки оё дар ҳар бориши шадиди навбатӣ дар пойтахт аз чунин обхезӣ мебояд интизор шуд ва оё мақомоти марбута ният дорад, ки ин мушкилро ба навъе ҳал кунад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони Ӯзбекистон, аз 2 то 7 апрел дар ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбанда ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Вобаста ба минтақа миқдори боришот гуногун аст. Бар асари боришот рӯзона ҳарорати ҳаво 5-7 дараҷа поин меравад.

Дар ҳамин ҳол, дар Узгидромет огоҳ кардаанд, ки ба ин пешгӯӣ комилан такя кардан лозим нест, зеро моҳҳои баҳор хеле тағйирёбанда аст, бахусус апрел.

“Якбора сардшавии обуҳаво, боришоти шадид, раъду барқу жола аз эҳтимол дур набуда, моҳи апрел дар минтақаҳои баландкӯҳ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад”, – гуфтаанд дар ин ниҳод.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар вилояти Суғди Тоҷикистон низ бар асари боришоти шадид, роҳу заминҳои кишт зери об монданд.

Тавре ки сокинони маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Ҷаббор Расулов сел фаромадааст.

Дар бораи боришоти шадиду селфароиҳо дар минтақаи шимоли кишвар ва ба сурати умум, дар саросари ҷумҳурӣ ҳоло маълумоти дақиқ дастрас нест. Дар Кумитаи ҳолатҳи фавқулодаи ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки ин маълумоти каме дертар нашр хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.