Нархи оби нӯшокӣ ва корез дар Хуҷанд боло меравад

Шурӯъ аз якуми майи соли ҷорӣ нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд 20% боло бурда мешавад. Дар ин бора Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои манбаъ, нархи 1 куб оби нушокӣ то 1 сомонию 44 дирам боло бурда хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир нархи 1 куб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирамро ташкил […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шурӯъ аз якуми майи соли ҷорӣ нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд 20% боло бурда мешавад. Дар ин бора Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нархи 1 куб оби нушокӣ то 1 сомонию 44 дирам боло бурда хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир нархи 1 куб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.

Сабаби болоравии нархро Абдуҳалим Нӯъмонов ба болоравии нархи сӯзишорӣ ва нерӯи барқ рабт дод.

“Мо ба сӯзишворӣ ва барқ вобастагии зиёд дорем. Насосҳои калон дорем, ки қувваи зиёд мегиранд. Бинобар ин, вақте нархи сӯзишворӣ ва нерӯи барқ афзоиш меёбад, хароҷоти мо ҳам зиёд мешавад ва ин зарурати боло бурдани нархи хизматрасониро пеш меорад”, – афзуд ин муҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал”.

Қаблан иттило дода шуда буд, ки нархи оби корез низ дар ин шаҳр то 96 дирам афзоиш меёбад. Он қаблан 80 дирамро ташкил медод.

Гуфта мешавад, ки нархномаи мазкур бо мувофиқа ба Идораи зиддиинҳисорӣ дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки тарофаи истифодаи нерӯи барқ маротибаи охир тирамоҳи соли гузашта зиёд шуда буд.

Тибқи қарори охир нархи барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва бахши комуналӣ аз 1-уми октябри соли 2022 ба андозаи 16,9% – аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло рафт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.