Бадахшон пешсафу Суғд дар ҷои охир. Нақшаи даъват ба артиш 40 дарсад иҷро шуд

Дар 10 рӯзи аввали оғози маъракаи даъват ба артиш, нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  нахустин шуда нақшаи даъватро иҷро карданд. Ҳамчунин, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Лахш, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар 10 рӯзи аввали оғози маъракаи даъват ба артиш, нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 40 дарсад иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)  нахустин шуда нақшаи даъватро иҷро карданд.

Ҳамчунин, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонидаанд. Нақшаи даъват ба артиш дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 57 дарсад иҷро шудааст.

“Дар давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақша дар вилояти Хатлон 34 фоизро ташкил дода, ноҳияи Вахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш дод”, – хабар медиҳад Вазорати дифоъ.

Манбаъ менависад, ки дар давоми 10 рӯз вилояти Суғд нақшаи даъватро ба артиш 26 дарсад ва шаҳри Душанбе 30  дарсад иҷро кардаанд.

Ҳамасола, бо шуруъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд. Имсол низ чанд наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки сокинон онро сарбозшикор меноманд.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар бораи шеваҳои даъвати ғайриқонунӣ ба артиш дар инҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.