Utair хатсайри нави ҳавоии Тюмен – Хуҷандро боз кард

Ширкати Utair-и Русия шурӯъ аз 3 май ҳар ҳафта ба иҷрои парвозҳо аз Тюмен ба Хуҷанд оғоз мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат. Парвозҳо рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе тахминан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, вақти расидан то нуқтаи таъинот ҳудуди 3 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад. Фурӯши билетҳо дар utair.ru дастрас буда, сар […]

Asia-Plus

Ширкати Utair-и Русия шурӯъ аз 3 май ҳар ҳафта ба иҷрои парвозҳо аз Тюмен ба Хуҷанд оғоз мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Парвозҳо рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе тахминан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ сурат гирифта, вақти расидан то нуқтаи таъинот ҳудуди 3 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Фурӯши билетҳо дар utair.ru дастрас буда, сар аз 8619 рубл нарх доранд.

“Солҳои зиёд аст, ки мо аз Маскав ба Душанбе парвозҳо анҷом додем ва ҳоло парвозҳоро аз Тюмен ба Хуҷанд, дуюмин шаҳри сераҳолии Тоҷикистон оғоз мекунем”, – изҳор доштааст президенти «Utair — Пассажирские авиалинии» Олег Семенов.

Дар мавсими баҳору тобистон ширкат ҳамчунин ният дорад, ки парвозҳоро аз Тюмен ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, АМА, Туркия ва Ӯзбекистон ба роҳ монад, то ки Поволже, Сибир, марказ ва ҷануби Русияро пайваст кунад.

Қобили зикр аст, ки Utair пас аз Аэрофлот, S7 ва Ural Airlines чорумин ширкати бузурги ҳавопаймоӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.