Таваҷҷуҳ: “Азия-Плюс” барои сабти силсилафилм (сериал) ҳунарпеша меҷӯяд

"Азия-Плюс" барои иҷрои нақш дар силсилафилми наву замонавӣ ҳунарпешаҳои касбӣ ва ҳаваскорро ба кастинг (интихоб) даъват мекунад. Муҳим: Сериал бо забони тоҷикӣ наворбардорӣ карда мешавад. Наворбардориҳо моҳи майи соли 2023 гузаронида мешаванд. Имкони худро аз даст надиҳед ва анкетаро дар суроғаи зерин: https://forms.gle/6pLStYDbaUR1BNmt5 пур карда, маҳорати худро санҷед! Нақшҳои даркорӣ: ●  Ҳунарпеша – зан. Персонаж (Шахсият):  […]

Asia-Plus

"Азия-Плюс" барои иҷрои нақш дар силсилафилми наву замонавӣ ҳунарпешаҳои касбӣ ва ҳаваскорро ба кастинг (интихоб) даъват мекунад.

Муҳим: Сериал бо забони тоҷикӣ наворбардорӣ карда мешавад. Наворбардориҳо моҳи майи соли 2023 гузаронида мешаванд.

Имкони худро аз даст надиҳед ва анкетаро дар суроғаи зерин: https://forms.gle/6pLStYDbaUR1BNmt5 пур карда, маҳорати худро санҷед!

Нақшҳои даркорӣ:

●  Ҳунарпеша – зан. Персонаж (Шахсият):  20-25 сола, духтари хушзавқу шуҷоъ ва ситорагарм.

●  Ҳунарпеша – зан. Персонаж: 20-25 сола. Духтари соддаву зудбовар аз оилаи камбизоат, ки орзуи ба зиндагии хуб расиданро дорад.

●  Ҳунарпеша – зан. Персонаж: 45-50 сола. Зани чаққону шуҳратпараст ва хеле маккор.

●  Ҳунарпеша – зан. Персонаж: ҳудуди 50 сола. Зани пурэҳсос, тез зери таъсири бегона қарор мегирад, фарзандонашро танҳо ба воя расонидааст.

●  Ҳунарпеша – мард. Персонаж: 25-30 сола. Ҷавони сокини пойтахт, меҳрубон. Ҳама гуна қаду қомат ва ҷусса қобили қабул аст.

●  Ҳунарпеша – мард. Персонаж: ҳудуди 30-сола,  ҷисмаш аз лиҳози варзишӣ обутобёфта, нотарсу далер ва собитқадам.

●  Ҳунарпеша – мард. Персонаж: 60 сола. Марди раҳмдилу меҳрубон ва хеле зудбовар.

Барои маълумоти иловагӣ ба почтаи [email protected] муроҷиат кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.