Додгоҳе дар Бишкек фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодиро катъ кард

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо судури қарори худ фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик Медиа)-ро дар ин кишвар расман манъ кард. Қарорро имрӯз, 27-уми апрел, Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баровард. Намояндагони “Азаттик Медиа” норозигии худро аз қарори додгоҳ баён карданд. Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тимур Султонов, вакили дифои "Азаттик Медиа" менависанд, ки онҳо […]

Asia-Plus

Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо судури қарори худ фаъолияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик Медиа)-ро дар ин кишвар расман манъ кард. Қарорро имрӯз, 27-уми апрел, Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек баровард. Намояндагони “Азаттик Медиа” норозигии худро аз қарори додгоҳ баён карданд.

Расонаҳои қирғизӣ аз қавли Тимур Султонов, вакили дифои "Азаттик Медиа" менависанд, ки онҳо аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Ленин ба зинаҳои болоии додгоҳ, аз ҷумла Додгоҳи шаҳри Бишкек шикоят хоҳанд бурд.

“Мо шикоят омода мекунем ва баррасии оқилонаи ҳукмро дар зинаи дуввум умедвор мешавем, ки қарори ғайриқонуниро бекор мекунад", – гуфтааст ӯ.

Ин вакили дифоъ ҳамчунин гуфтааст, “қарори додгоҳ ба ин суол посух дод, ки то куҷо озодии сухан дар Қирғизистон риоя мешавад”.

Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қирғизистон охири моҳи октябри соли 2023 аз Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек дархост карда буд, ки фаъолияти "Азаттик Медиа" -ро дар ин кишвар ҳамчун воситаи ахбори омма қатъ кунад.

Ин даъвои Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон аз навори рӯзи 16-уми сентябр пахш кардаи телевизиони “Настояшее Время” аст, ки ба гуфтаи онҳо, ин расона дар танишҳои марзӣ дар моҳи сентябр “барқасдона тарафи Тоҷикистонро гирифт”.

Вале Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ин даъвои ҷониби Қирғизистонро қотеъона рад кард ва гузоришро ба ҳама меъёр посухгӯ номид.

Баъдан, ба ин сомона муҳлат доданд, ки гузориши худро пок кунад, вале роҳбарияти бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, онро пок намекунад, чун ба ҳама меъёрҳо ҷавобгӯй аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ амали мақомоти қирғизро фишор ба озодии сухан номиданд ва тибқи гузориши онҳо баъди ба қудрат расидани Содир Ҷабборов, дар моҳи октябри соли 2020, фазои озодии баён дар Қирғизистон бадтар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.