Блогерҳои тоҷик дар се моҳ беш аз 540 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд

Блогерҳои тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон зимни чорабинии “Тавозун" дар Душанбе иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 70 нафар блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Блогерҳои тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон зимни чорабинии “Тавозун" дар Душанбе иттилоъ дод.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 70 нафар блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд.

“Соли гузашта блогерони тоҷик 29,7 млн сомонӣ даромад доштаанд ва аз ин маблағ 1,3 млн сомонӣ ба буҷаи давлат андоз аз даромад супоридаанд”, – зикр кард Назирҷон Назирзода.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи андозбандии блогерон дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои доғро ба миён оварда буд.

Чанде пештар ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ”, мақоми расмии Кумитаи андоз бо нашри номи 29 блогери маъруфи кишвар гуфта буд, ки онҳо “ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, аз даромади худ андоз намесупоранд”.

Аммо дар ин баробар, ин расона таъкид намуда буд, ки қисме аз блогерони тоҷик фаъолияти худро расман ба қайд гирифта, андозро пардохт кардаанд.

Ахиран, барои ташреҳи масоили вобаста ба пардохти андоз аз ҷониби блогерон “Азия-Плюс” бо даъвати кормандони Кумитаи андоз ва блогерон мизи гирд баргузор намуд, ки зимни он ҷонибҳо ба аксари саволҳои худ посух пайдо карданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили “Тавозун” аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Хома” баргузор шуда, дар он масъалаҳои мубрами иқтисодӣ бо иштироки журналистон ва намояндагони бахши иқтисодии давлат, коршиносон ва мутахассисони соҳа мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.