Имзои 20 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки роҳбарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Нахуст, сарони давлатҳо Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо карданд. […]

Asia-Plus

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки роҳбарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Нахуст, сарони давлатҳо Эъломия дар бораи ҳамкории ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо карданд.

Баъдан, 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ оид ба молҳо ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон интиқолшаванда;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор кардани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи саноати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;

— Нақшаи ҳамкории мутақобила байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи саноат ва инноватсия барои солҳои 2023 – 2024;

— Ёддошти тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон;

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025;

Ҳамин тавр, дар маҷмуъ дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз ҷониби вазорату идораҳо 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.