Аз се як ҳиссаи кумаки башардӯстонаро Тоҷикистон аз Чин мегирад

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 24,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 41,6 млн доллар ё худ 2,7 баробар камтар аст. Ҳамчунин шумори кишварҳои мададрасон низ аз 50 то 39 давлат кам шуд. Давоми моҳҳои январ-апрели соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 24,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 41,6 млн доллар ё худ 2,7 баробар камтар аст. Ҳамчунин шумори кишварҳои мададрасон низ аз 50 то 39 давлат кам шуд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ нисбатан зиёдтар ба Тоҷикистон аз Чин кумаки башардӯстона расид, ки ба 7,1 млн доллар ё худ 29,1% аз ҳаҷми умумӣ аз рӯи арзиши кумак баробар аст.

Ҳамчунин ба сафи кишварҳои асосии мададрасон Белгия (17,1%), ИМА (14,7%),Туркия (4,7%), Ҳиндустон (3,8%), Кореяи Ҷанубӣ (2,7%), Фаронса (2,5%), Дания (1,8%), Олмон (1,7%) шомиланд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ниҳоят зиёд кумаки башардӯстона ворид гардид, ки маблағи умумии он ҳудуди 141 млн долларо ташкил дод.

Мақомот дар бораи чӣ гуна тақсим шудани кумаки башардӯстона байни эҳтиёҷмандон ба ВАО маълумот намедиҳанд.

Чин ҳамчунин аз рӯи пешниҳоди кумаки молиявии бебозгашт ба Тоҷикистон байни шарикони дуҷониба пешсаф аст.

Чунин кумаки нисбатан зиёдро аз Чин дар ҳаҷми 220 млн доллар Тоҷикистон барои сохтмони маҷмааи биноҳои ҳукумат ва парлумон дастрас намуд.

Чанд рӯз пеш ҳукуматҳои ду кишвар дар Пекин як созишнома ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, Тоҷикистон ба маблағи 57 млн доллар кумаки бебозгашти молиявӣ мегирад.

Ғайр аз ин, Чин аз рӯи сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон (ҳудуди 3,3 млрд доллар то аввали соли 2022) ва қарз (бақияи қарз – зиёда аз 1 млрд доллар) пешсафи мутлақ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.