Аз сихкабоби қиммагӣ то обҳои ташнашикан. Сардухтури давлатии санитарии Суғд фурӯши чанд навъи маҳсулотро манъ кард

Сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд бо судури як қарор фурӯши чанд навъи маҳсулотро, бо назардошти муҳлати нобудшавии он, дар қаламрави вилоят манъ кард. Дар қарори Таҳмина Усмонова, сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд, ки ду ҳафта қабл содир шудаву нусхаи он ба дасти мо расид, гуфта мешавад, ки “аз 17-уми май то 1-уми сентябри соли 2023 […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд бо судури як қарор фурӯши чанд навъи маҳсулотро, бо назардошти муҳлати нобудшавии он, дар қаламрави вилоят манъ кард.

Дар қарори Таҳмина Усмонова, сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд, ки ду ҳафта қабл содир шудаву нусхаи он ба дасти мо расид, гуфта мешавад, ки “аз 17-уми май то 1-уми сентябри соли 2023 фурӯши маҳсулоти зуднобудшаванда, ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнашикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ” манъ карда шавад.

Маҷнун Орипов, муовини сардухтури давлатии санитарии вилояти Суғд дар шарҳи ин қарор гуфт, ки мақсади асосии он пешгирии бемориҳои шадиди маъдаю рӯда ва заҳролудшавӣ мебошад.

“Дар фасли гармо талаботи аҳолӣ ба истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан, яхмоси мулоим, сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, хӯришҳои худсохти хонагӣ, консерваҳои хонагӣ, каллаю почаи яхкардашуда,  оби ҷав ва дигар маҳсулоти хӯрока зиёд мешавад. Аз ин лиҳоз, фурӯши маҳсулоти зикргардида, ки сертификати гигиенӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ надоранд, то тирамоҳ манъ карда шуд”, – зикр намуд Маҷнун Орипов.

Дар матни қарор таъкид мешавад, ки он барои иҷро ба бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, муассисаҳои хӯроки умум, савдо, саноат, инчунин сехҳои қаннодӣ фиристода шуда, аз масъулини Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ва додситонии вилоят назорати иҷрои он дархост шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.