Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муддати се рӯз 40 мутахассиси “Корвони саломатӣ” бепул хидматрасониҳои тиббӣ пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Мошинҳои махсуси “Корвони саломатӣ” бо таҷҳизоти навтарин ва маводи тиббӣ ба ноҳияҳои Ишкошиму Роштақалъа ва шаҳри Хоруғ мераванд.
Мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб то 16 июн ҳамаи муроҷиаткунадагонро ташхис карда, ба онҳо доир ба табобати бемориҳои доштаашон маслиҳату машварат медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки иқдоми “Корвони саломатӣ” бо мақсади расонидани кумаку машварат ва хушсифати тиббии ройгон ба аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.
Лоиҳа бар асоси созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд аз соли 2019 амалӣ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 2 млн долларро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ ду қатораи мошинҳои махсус, ки ҳар кадоме аз онҳо аз 3 маҷмӯи сайёри тиббӣ бо 7 кабинетҳои табибон, инчунин автобус дохиланд, харида шуд.
Чунин иқдоми “Корвони саломатӣ” қаблан дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ баргузор шуд.


