Cокинони ВМКБ-ро 40 табиб бепул ташхису муоина мекунанд

Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муддати се рӯз 40 мутахассиси “Корвони саломатӣ” бепул хидматрасониҳои тиббӣ пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон. Мошинҳои махсуси “Корвони саломатӣ” бо таҷҳизоти навтарин ва маводи тиббӣ ба ноҳияҳои Ишкошиму Роштақалъа ва шаҳри Хоруғ мераванд. Мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб то 16 июн ҳамаи муроҷиаткунадагонро ташхис карда, ба онҳо […]

Ба сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муддати се рӯз 40 мутахассиси “Корвони саломатӣ” бепул хидматрасониҳои тиббӣ пешниҳод мекунанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Мошинҳои махсуси “Корвони саломатӣ” бо таҷҳизоти навтарин ва маводи тиббӣ ба ноҳияҳои Ишкошиму Роштақалъа ва шаҳри Хоруғ мераванд.

Мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб то 16 июн ҳамаи муроҷиаткунадагонро ташхис карда, ба онҳо доир ба табобати бемориҳои доштаашон маслиҳату машварат медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки иқдоми “Корвони саломатӣ” бо мақсади расонидани кумаку машварат ва хушсифати тиббии ройгон ба аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.

Лоиҳа бар асоси созишномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд аз соли 2019 амалӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 2 млн долларро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ ду қатораи мошинҳои махсус, ки ҳар кадоме аз онҳо аз 3 маҷмӯи сайёри тиббӣ бо 7 кабинетҳои табибон, инчунин автобус дохиланд, харида шуд.

Чунин иқдоми “Корвони саломатӣ” қаблан дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...