КҲФ аз тӯфони нави чангу ғубор ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июл кишварро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад. “Ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 19-21 июл кишварро боз тӯфони чангу ғубор фаро мегирад.

“Ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор, ки аз навоҳии ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст”, – омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, огоҳ мекунад КҲФ, рӯзҳои 18-19 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита бо муроҷиат ба аҳолӣ боисрор аз онҳо дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамаи тадбирҳои эҳтиётро риоя намоянд.

“Ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунед”, – огоҳ мекунад Кумита.

Ба сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт шаванд.

Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.