Хонаҳои осебдидаи сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ то 1-уми август барқарор мешаванд

Хонаҳои аз заминларзаи моҳи март харобгашта дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то 1-уми август пурра барқарор карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикситон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ахиран ҷаласаи Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида, зимни он раванди корҳои барқарорсозии хонаҳои зарардида баррасӣ гардидаанд. Дар […]

Asia-Plus

Хонаҳои аз заминларзаи моҳи март харобгашта дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то 1-уми август пурра барқарор карда мешавад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикситон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ахиран ҷаласаи Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида, зимни он раванди корҳои барқарорсозии хонаҳои зарардида баррасӣ гардидаанд.

Дар ҷаласаи Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода зикр шудааст, ки дар айни замон корҳои барқарорсозии пайомадҳои заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли 2023 идома дорад.

“Маводи ғизоӣ, маводи сохтмон ва ҷуброни пулии ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолии зарардида расонда шуд”, – таъкид шудааст дар хабар.

Хайрулло Бобозода, раиси Коргурӯҳи ҳолатҳои фавқулода ва раиси ин ноҳия ба роҳбарони дахлдор супориш додааст, ки суръати корҳои сохтмон ва таъмири биноҳои зарардида дар заминларза тезонида шуда, то 1 августи соли 2023 ҳамаи ин корҳо пурра ба анҷом расонда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 219 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шуда буд.

Инчунин, заминларзаи рӯзи 23-уми марти соли равон ба хонаҳои истиқоматӣ дар ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт низ зарар расонид. Коргурӯҳи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода маълум кард, ки дар ин ноҳия 53 хонаи истиқоматӣ зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.