“Пули китобро ғайринақдӣ супоред”. Иқдоми нави Вазорати маориф пас аз фармони президент

Шурӯъ аз 1-уми август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба иттилои ӯ, ин тасмим дар мувофиқа бо волидон, муассисаҳои таълимӣ ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ин тасмим дар мувофиқа бо волидон, муассисаҳои таълимӣ ва бонкҳои кишвар гирифта шудааст.

“Айни ҳол ин раванд танҳо дар шаҳри Душанбе ҷорӣ карда шудааст ва дар ояндаи наздик низ қарор аст, дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам маблағи иҷораи китобҳои хонандагон тариқи ғайринақдӣ пардохт карда шавад”, – афзуд сухангӯи вазорат.

Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва Фармони Президенти Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” амалӣ мешавад.

Барои тадбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф "Амонатбонк", "Шаҳри ҳушманд (Smart city)", "Имон Интернешнл", "Бонки Байналмилалии Тоҷикистон", "Ҳумо", "Душанбе сити Бонк", "Бонки Эсхата" ва "Тавҳидбонк" замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.

Бояд гуфт, ки моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон пардохти нақдии андоз, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои муздноки давлатиро манъ кард.

Тибқи ин фармон, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.