Чангу ғубор боз Тоҷикистонро фаро гирифт. То охири моҳи июл обуҳаво чӣ гуна мешавад?

Date:

Обуҳавошиносон дар бораи вазъи обуҳавои Тоҷикистон дар давраи аз 20 то 30 июл маълумот доданд. Тӯфони чангу ғубор кишварро тарк намекунад: дар ҷануби ҷумҳурӣ дар робита ба пурзӯр шудани вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб, баъзан тӯфони чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Рӯзҳои наздик ба сабаби омилҳои метеорологӣ – чангу ғубор дар шаҳри Душанбе, навоҳии ҷанубу марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубу шарқӣ ва ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд афзудани олудагиҳо дар ҳаво ба андозаи  10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) дар назар аст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, санҷиши пешгӯии обуҳаво дар саросари Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар кишвар ҳавои камеа абрноки бебориш пешбинӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тибқи маълумоти санҷишҳо (https://aqicn.org/city/tajikistan/dushanbe/us-embassy/ru/) дар реҷаи вақти воқеӣ, имрӯз индекси сифати ҳаво дар шаҳри Душанбе “хатарнок” аст.

Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳарорат дар ҳудуди то 41 дараҷа гарм қарор хоҳад дошт.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 20-21 июл дар Душанбе обуҳави абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 24-26 дараҷа ва рӯзона 36-38 дараҷа гарм мешавад.

Мисли рӯзҳои пешин рӯзҳои истироҳат низ чангу ғубор дар пойтахт боқӣ мемонад. Ҳарорат аз 38 дараҷа гарм поин намеравад.

Дар вилояти Хатлон обуҳавои каме абрноки бебориш пешбинӣ гардида, ҳарорат шабона 23-28 дараҷа ва рӯзона 36-41 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 18-23 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд обуҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ гардида, рӯзҳои 20-21 июл дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавои тайирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат дар водиҳо шабона 21-26 ва рӯзона 34-39 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14-19 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) обуҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ғарби вилоят боришот пешбинӣ нашуда, лекин дар шарқи минтақа борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест.

Ҳарорат дар шарқи ВМКБ шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа, дар ғарби вилоят – шабона 14-19 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...