Бинокор аз Тоҷикистон зан ва кӯдакро аз сӯхтор дар Русия наҷот дод

Рӯзи 1 август дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург як бинокор аз Тоҷикистон, ки дар яке аз ташкилотҳои паймонкори  “ТЭН” машғули кор буд, зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод. Дар ин бора дар гурӯҳи «ЖК Светлый микрорайон» дар ВК хабар дода мешавад. Ба гуфтаи яке аз занҳои иштирокии гурӯҳ мард […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Рӯзи 1 август дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург як бинокор аз Тоҷикистон, ки дар яке аз ташкилотҳои паймонкори  “ТЭН” машғули кор буд, зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод. Дар ин бора дар гурӯҳи «ЖК Светлый микрорайон» дар ВК хабар дода мешавад.

Ба гуфтаи яке аз занҳои иштирокии гурӯҳ мард Манучеҳр ном доштааст.

«Дар хонаи ошёнаи 25-ум, ки як духтаре бо кӯдак зиндагӣ мекунад, дар вақти пухтани маснуоти қаннодӣ сӯхтор сар мезанад. Духтар аз балкон доду фарёд мекунад. Як коргар аз сохтмони ҳамсоя доду фарёдро мешунавад ва дудро аз балкон дида, то омадани оташнишонон ба ин ҷо меояд ва дарро мешиканад. Вақти дарро шикастан оташро аз сӯрохии дар бо шланг хомӯш мекардаанд. Ва ҳамаи ин пеш аз омадани оташнишонон! Оташнишонон бо сабаби мошинҳои дар таваққуф гузошташуда саривақт расида натавонистанд”, – менависанд иштирокчиёни гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи худи бинокор,  ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст.

Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд, ки ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад.

Тавре ки хабаргузории «УРА.РУ» менависад, дар Сарраёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Свердловск изҳор доштаанд, ки сӯхтор соати 9:38 сар зада, барои хомӯш кардани он 42 оташнишон ва 13 адад техникаи махсус сафарбар карда шудааст. Зану фарзандаш захмҳои сӯхта бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар расонаи «Екатеринбург. Новости» таъкид доштаанд, ки амалу рафтори мард имкон дод, ки ҳанӯз то омадани оатшнишонон одамон наҷот дода шаванд ва сӯхтор дар фурсати кӯтоҳтарин хомӯш карда шавад.

Ба Манучеҳр барои кумак ва шуҷоаташ мукофот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.