Барои зарардидагони садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб мақомот, соҳибкорон ва имомхатибон хона месозанд

Бунёди 4 хона барои зарардидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб ду рӯз пеш, 19-уми август оғоз гардид ва онҳоро мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва имомхатибон месозанд. Дар ин бора Мунавваршо Ташрифзода, муовини аввали шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба қавли Мунавваршо Ташрифзода, макони бунёди хонаҳо бо зарардидагон мувофиқа шудааст. “Барои ин оилаҳо дар ҷамоати деҳоти […]

Сайраҳмон Назриев, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бунёди 4 хона барои зарардидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб ду рӯз пеш, 19-уми август оғоз гардид ва онҳоро мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва имомхатибон месозанд. Дар ин бора Мунавваршо Ташрифзода, муовини аввали шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба қавли Мунавваршо Ташрифзода, макони бунёди хонаҳо бо зарардидагон мувофиқа шудааст.

“Барои ин оилаҳо дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб, маҳаллаи Дӯстӣ замин ҷудо шуд ва корҳои сохтмонии хонаҳо оғоз гардиданд. Як хона аз ҳисоби ҳукумати вилоят, як хона аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Кӯлоб, як хона аз ҳисоби соҳибкорон сохта мешавад. Як хонаи дигарро имомхатибони масҷидҳои шаҳри Кӯлоб месозанд”, – гуфт Мунавваршо Ташрифзода.

Қаблан масъулин гуфта буданд, ки хонаҳои валангоргардида аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ҳукумати вилояти Хатлон аз нав бунёд карда мешаванд.

Мунаваршо Ташрифзода гуфт, ки “ду рӯзи пеш Давлаталӣ Саид, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ боздид карда, ба масъулони сохтмон супориш дод, то корҳои сохтмониро саривақт ва босифат ба анҷом расонанд, зеро фасли тирамоҳ наздик шуда истодааст”.

Ба гуфтаи Ташрифзода, инчунин раиси вилоят ба оилаҳои зарардида “сабру таҳаммул хоста”, гуфтааст, ки “ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунед, зеро давлату ҳукумат ба ҳар як сокини Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир мекунад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз ин пештар раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи 11 нафар фавтидагон 20 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 12 нафари дигар захмиён 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода буд.

Ҳамчунин, раисиҷумҳур ба 9 нафаре, ки дар пайи садамаи мошини боркаши “Дулан” воситаҳои нақлиёташон хароб гардид, мошинҳои ҳамсони нав ҳадя кард.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан”, ки шоми 6-уми август дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб рух дод, 12 нафар ҷон бохта, беш аз 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин, 9 мошин аз кор баромада ва 3 хона валангор шуд. Гузориши муфассали моро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.