5 медали варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёӣ

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар ҷамъ 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷиро ба даст оварданд. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ медиҳад. Ин медалҳоро Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров ба Тоҷикистон оварданд. Аз ҷумла, дар рӯзи 9-уми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – […]

Asia-Plus

Варзишгарони Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 дар ҷамъ 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷиро ба даст оварданд. Дар ин бора “Варзиш ТВ” иттилоъ медиҳад.

Ин медалҳоро Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров ба Тоҷикистон оварданд.

Аз ҷумла, дар рӯзи 9-уми Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз риштаи кураш – Тоҷикистонро Ҳақназар Назаров зери вазни то 90 кг муаррифӣ кард ва барандаи медали биринҷӣ шуд.

Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров дар даври якум бар Жамалбек Уулу аз Қирғизистон зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Коматсу Чисатои ҷопонӣ дастболо гардид.

Дар даври ниманиҳоӣ Ҳақназар аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ – Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Ин медали 5-уми Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 маҳсуб мешавад.

Қаблан аз ин, дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 медалҳои Тоҷикистонро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ ва аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг) нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Бояд гуфт, ки ба варзишгарони тоҷик, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоу медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ, ба барандагони медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ супурда мешавад.

Инчунин, бо қарори шаҳрдори Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандагони медали тилло мешаванд, хонаи сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ – манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ҳоло 32 медал гирифтааст, ки 5-тоаш медали тилло, 7-то медали нуқра ва 20 адад медали биринҷӣ мебошад.

Се медали тиллоро – Дилшод Назаров аз гурзандозӣ, як медали тиллоро Ҷаҳон Қурбонов дар бокс ва як адади дигарро Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини ҷудо ба даст овардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу – 2022 аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст. 138 варзишгар аз Тоҷикистон аз 18 риштаи варзиш дар ин мусобиқа баромад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.