Дар Душанбе намоишгоҳи “Самимияти нав” баргузор шуд

Date:

Намоишгоҳи “Самимияти нав” аз 22 то 24 сентябр дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутии пойтахт баргузор шуд. Паёми умумии намоишгоҳ ба он бахшида шуда буд, ки санъати муосир  ва майдони муоширати ошкорои байни одамон ва сабаби муколамаи умумибашарӣ фардо чӣ гуна шуда метавонад.

Ин лоиҳа-таҳқиқоти намоишгоҳӣ дар доираи платформаи Уик-энд Артивизма» аз ҷониби Хаби эҷодии GEID созмон дода шуд. Ин аллакай дуюмин  ба ин монанд чорабинӣ дар чунин шакл аст, ки аз ҷониби GEID роҳандозӣ шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иштирокдорони «Самимияти нав» дар давоми якуним моҳ бо масъулон ва назариячиёни санъати муосир суҳбат карданд. Барои онхо GEID давраҳои омӯзишии махсус гузаронида, дар доираи онҳо иштирокчиён аз тарзи кор бо  шаклҳои муосиртарини санъату ҳунар огаҳӣ пайдо карда, бо мавзӯи нав шинос шуданд ва барои кори худ заминаҳои назариявӣ ҷамъ карда тавонистанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар натиҷа дар кори намоишгоҳ натанҳо тасвирҳо, балки инсталлятсияҳо (манзараҳо дар паҳно) ва аксҳо низ ба намоиш гузошта шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Асоси самимияти нав дар он ифода меёбад, ки одам озодии дигаронро поймол накарда, дар бораи худ ошкоро ҳарф зада метавонад. Ин парадигмаи нави ҳамкории иҷтимоӣ ба ваъдае монанд аст, ки рӯзе байни одамон созишномаи дилхоҳ рӯйи кор меояд”, – чунин тафсир мекунад Хаби GEID консепсияи намоишгоҳро.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...