Кирдори нафаре, ки дар масҷид “мусиқӣ ҳаром” гуфт, аз сӯи мақомот таҳқиқ мешавад

Нафаре, ки аз минбари яке аз масҷидҳои кишвар “гӯш кардани мусиқӣ ҳаром аст” гуфт, ба “суҳбат”-и мақомоти қудратӣ даъват шуда, имомхатиби он масҷид барои мавъизаи ин мард танбеҳ гирифтааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигори тоҷик дирӯз, 2-юми ноябр дар […]

Asia-Plus

Нафаре, ки аз минбари яке аз масҷидҳои кишвар “гӯш кардани мусиқӣ ҳаром аст” гуфт, ба “суҳбат”-и мақомоти қудратӣ даъват шуда, имомхатиби он масҷид барои мавъизаи ин мард танбеҳ гирифтааст. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигори тоҷик дирӯз, 2-юми ноябр дар саҳифаи фейсбукаш навореро интишор кард, ки нафаре аз минбари масҷид баромад карда, мегӯяд, “Имом Абӯҳанифа мегӯянд, гӯш кардани мусиқӣ дар тамоми динҳо ҳаром аст”.

“Уламо мегӯянд, ки мазҳаби Имом Абӯҳанифа дар мавриди гӯш кардани мусиқӣ аз тамоми аҳзоб (мазҳабҳо – редаксия) сахттар гирифтагӣ аст. Барои ҳамин гӯш накунед”, – мегӯяд ӯ аз минбари масҷид.

Нашри ин навор байни корбарони шабакаи иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро дар пай овард.

Афшини Муқим дар сӯҳбат бо мо гуфт, навори мазкур тақрибан 8 моҳ пештар, дар моҳи Рамазон дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён”-и деҳаи Фони ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент бардошта шудаааст.

Сухангӯи Кумитаи дин афзуд, нафаре, ки аз минбари масҷид мавъиза мекард, сикини шаҳри Панҷакент Манучеҳр Ҳабибуллоеви 31-сола буда, соли 2013 Донишкадаи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст, вале дар масҷиди ҷомеи “Нури Моғиён” ҳеҷ гуна масъулият надоштааст.

Ҳабибуллоев аз ҳузур надоштани имомхатиби масҷиди ҷомеи мазкур Баҳодур Бобоҷонов истифода карда, худсарона бо мардум суҳбат оростааст.

“Шаҳрванд Манучеҳр Ҳабибуллоев ба мақомоти қудратии шаҳри Панҷакент даъват шуда, дар мавриди худсарона бо намозгузорон суҳбат оростанаш пурсупос шуд. Ҳаром будани мусиқиро бо кадом далелҳо ва аз рӯи кадом ояту ҳадис гуфтааст, ҳоло санҷида шуда истодааст. Кирдори ӯ аз ҷониби мақомоти ин шаҳр баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”, – гуфт Афшини Муқим.

Афшини Муқим таъкид кард, ки “аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи дин бо имомхатиби масҷид Баҳодур Бобоҷонов корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд ва инчунин ӯ барои беаҳамиятиаш танбеҳ гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар чандвақтаи охир муллоҳои тоҷик аз маросимҳои динӣ ва минбарҳои масоҷид истифода карда, бо мардум дар боби бенамозиву ҳаром будани мусиқӣ ва монанди ин мавъиза мекунанд ва дар пайи он ба мақомот даъват ва пурсупос мешаванд.

Аз ҷумла, чанде пеш як муллое, зимни намози ҷаноза майитро бенамоз гуфта, наздиконашро таҳқир карда буд, ӯ низ ба мақомот давъат гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.