Муштзанҳои ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 9 медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки 23-юми октябр оғоз ва имрӯз, 3-юми ноябр ҷамъбаст шуд, соҳиби 9 медал гардидаанд. Медали охирин – нуқраро дар ин мусобиқа Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг имрӯз сазовор шуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали […]

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, ки 23-юми октябр оғоз ва имрӯз, 3-юми ноябр ҷамъбаст шуд, соҳиби 9 медал гардидаанд.

Медали охирин – нуқраро дар ин мусобиқа Ҷаҳонгир Камолов дар вазни то 46кг имрӯз сазовор шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ намуда, 1 медали нуқра, 8 медали  биринҷӣ ба даст оварданд.

Аз ҷумла, Мансурхуҷа Муминов дар вазни то 48кг, Билолҷон Иксанов  дар вазни то 50кг, Абубакр Ғафуров дар вазни то 66кг, Зиёратшо Қосимов  дар вазни  то 70кг, Фариноз Абдуллова  дар вазни то  52кг, Мино Аъзамзода  дар вазни то 60кг  байни наврасон соҳиби миедал гардиданд.

Дар байни ҷавонон Меҳроҷ Суфиҷонов  дар вазни то 48кг ва Баҳромбек Ҳотамов  дар вазни то  71кг ба медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Дар маҷмуъ, дар чемпионат байни наврасон 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) иштирок намуданд.

Аз рӯи натоиҷи мусобиқот дар ҳисоби медалҳо Ҳиндустон ҷои аввал, Қазоқистон ҷойи дуюм ва Ӯзбекистон дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо мукофотҳои пулӣ (ҷойи 1-$1000, ҷойи 2-$500, ҷойи 3-$250) сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон, ки соли гузашта дар Урдун баргузор шуда буд, муштзанҳои тоҷик соҳиби 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ гардида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.