spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Австралия Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷикро бо 14 моддаи дигари терроризм муттаҳам кард

Мақомоти интизомии Австралия алайҳи Абдусалом Одиназода, донишманди биокимиёдони тоҷики муқими ин кишвар ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо 14 моддаи марбут ба терроризм парванда боз кардаанд. Аз ин пештар мақомоти Австралия гуфта буданд, ки ӯ бар асоси 4 моддаи ҷиноӣ ба терроризм муттаҳам дониста мешавад.

Абдусалом Одиназода, донишманди тоҷики муқими Австралия бо гумони даст доштан дар "тарғиби терроризм" аз сӯйи пулиси федеролии ин кишвар 22-юми декабри соли 2020 боздошт шуда буд. 

Нашрияи маъруфи инглисизабони "The West Australian" -и рӯзи 21-уми октябр дар як хабар навиштааст, ки ба парванди Одиназода боз 14 моддаи марбут ба терроризм илова шудааст.  

Аз замони боздошт то кунун назари худи Одиназода ва ё вакили дифояш ӯ дар мавриди ин иттиҳомот дастрас нест. 

Абдусалом Одиназода донишманди 52-солаи тоҷик аст, ки дар Австралия зиндагӣ мекард ва дар ин кишвар дар риштаи биокимиё ба таҳқиқ ва тадрис машғул буд. 

Баъди боздошт як додгоҳ дар ин кишвар қарор содир карда буд, ки Одиназода то 15-уми январи соли 2021 дар боздошт мемонанд. Баъдан замони боздошти ӯ боз тамдид шуд. Ӯ барои нашри матолиби ифротгароёна дар  интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гумонбар аст. 

Пулиси Австралия замони боздошти Одиназода гуфта буд, ки ин ниҳод аз моҳҳо пеш ба таҳқиқ дар бораи Одиназода оғоз карда будааст ва саранҷом 22-юми декабр ӯро боздошт кард. 

Абдусалом Одиназода баъди солҳо зиндагӣ дар Австралия  чанде соле пеш ба Тоҷикистон баргашта буд ва мехост дар ин ҷо бимонаду кор кунад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба кор оғоз кардаст, вале баъдан кораш ба мушкил печиду барои надоштани шаҳрвандии Тоҷикистон аз кишвар ихроҷ шуд. 

Баъди бозгашт ба Австралия Одиназода дар интернет бо намояндаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳое меорост ва дар солҳои ахир вориди баҳсҳои диниву сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешуд. 

Одиназода зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст. Ду фарзанд дорад, ки ба навиштаи худаш онҳо ҳам дар Австралия мебошанд, вале ӯ аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва ҷудо аз фарзандону ҳамсараш зиндагӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...