Иттиҳоми нав дар парвандаи Абдухалил Холиқзода

Date:

Мурофиаи дувуми соҳибкор Абдухалил Холиқзода, нависанда Абдуқодири Рустам ва мудири нашриёти "Эр-Граф" Сӯҳроб Раҷабзода рӯзи 26-уми январ дар Боздоштгоҳ гузаштааст. Дар ин бораи Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин расона бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Абдухалил Холиқзода дар баробари “барангехтани кинаву адовати миллӣ”, ки қаблан Додситонии кулли кишвар эълон карда буд, ҳамчунин ба “сохтакорӣ” низ муттаҳам мешавад.

“Гуё таҳқиқ ошкор кардааст, ки ҳангоми овардани кадом дастгоҳи тиббӣ барои Бемористони Ибни Сино дар ҳуҷҷатҳо онро дастгоҳи камарзиш нишон додааст. Наздиконаш ҷаримаи ин корро аллакай пардохтанд”, – менависад Радиои Озодӣ бо истинод ба қавли манбаи худ.

Манбаи дигари ин расона гуфтааст, ки “ин маълумот саҳеҳ нест, чун барои илова кардани иттиҳоми нав додгоҳ бояд парвандаро ба тафтиши дубора баргардонад. Эҳтимол ин иттиҳом аз аввал дар айбнома ҷой дошта бошад”.

Додситонии кул, ки ин парвандаро боз карда, тафтишот гузаронидааст ва Додгоҳи олӣ, ки муҳокимаи парвандаро оғоз кардааст, расман шарҳе надодаанд.

Пайвандони Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода низ то ҳол дар бораи иттиҳоми нав ва ҷараёни мурофиа чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Суҳроб Раҷабзода пас аз нашр ва рӯнамоии китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шуданд.

“Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби дуввуми Абдухалил Холиқзода аст, ки дар он муаллиф саргузашт ва дидаву шунидаҳояшро нақл карда, андешаашро дар бораи ҳаводису падидаҳои гуногуни ҷомеа иброз медорад. Аз ҷумла, аз фазои соҳибкорӣ, фасод, сатҳи пасти фарҳангу таълим дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунон бардошташро аз ҳамкорӣ бо намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон баён доштааст.

Номи Абдуқодири Рустам дар ин китоб зикр гардида, муаллиф барояш миннатдорӣ кардааст. Суҳроб Раҷабзода мудири чопхонаест, ки китобро нашр кардааст.

Нашри ин китоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тунди маҳалгароиро ба миён овард. Худи ӯ ин ҳамаро рад кард ва гуфт, “тақдири миллат ва амнияту рушди кишвар муҳим аст”.

Моҳи август Абдухалил Холиқзода ва як моҳ пас аз ин Абдуқодири Рустам боздошт шуданд. Дертар Суҳроб Раҷабзода низ боздошт гардид.

Додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки муаллифи китоб барои барангехтани кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ё дар асоси моддаи 189, қисми 2, банди “г” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Баъдан, чанд мансабдори тоҷик, аз ҷумла, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири феълии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Эмомалӣ Насриддинзода, мушовири Президенти Тоҷикистон дар бахши иҷтимоъ, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хайриниссо Юсуфӣ, муовини раиси ҲХДТ ва ҳатто омӯзгорону собиқадарони меҳнат  муаллиф ва мӯҳтавои китобро танқид карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...