Эҳтимоли ҳукми 15 соли зиндон ба шаҳрванди Тоҷикистон барои куштори дӯстдухтараш дар Русия

Дар додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Новосибирск рӯзи 4 март ҳукм аз рӯи парвандаи Хушнуд Ҳамроев аз Тоҷикистон эълон мешавад. Ӯ дар куштани духтари 17-сола аз Сибир, ки гумон дошт ба ӯ хиёнат кардааст, гунаҳкор дониста мешавад. Дар ин бора НГС бо истинод ба мақомоти прокуратураи вилояти Новосибирск хабар медиҳад. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ додситон барои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Новосибирск рӯзи 4 март ҳукм аз рӯи парвандаи Хушнуд Ҳамроев аз Тоҷикистон эълон мешавад. Ӯ дар куштани духтари 17-сола аз Сибир, ки гумон дошт ба ӯ хиёнат кардааст, гунаҳкор дониста мешавад. Дар ин бора НГС бо истинод ба мақомоти прокуратураи вилояти Новосибирск хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ додситон барои Ҳамроев ҷазои 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид дархост намуд.

Ҳамроевро дар содир намудани якчанд ҷиноят бо шумули одамкушӣ, таҳдидҳо ба куштан, азобу уқбат додан ва алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳоло ба синни 16-солагӣ нарасидааст, муттаҳам мекунанд.

Дар хабар гуфта мешавад, дар мурофиа ӯ гуноҳашро дар куштор рад накарда, изҳор доштааст, ки духтар ба ӯ хиёнат кардааст.

Тавре ки қаблан зикр гардида буд, ин ҳодисаи фоҷеабор дар микрорайони Нижняя Елтсовка шаби 27 июли соли 2022 рух дода, он дар таҷҳизоти видео сабт шудааст.

Дар кадрҳои видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас ба замин афтонида, бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад.

Ин ҳодиса дар назди ронандаи автомашина ва як шоҳиди дигар рух дода, лекин онҳо аз наздикшавӣ бо ҷинояткори мусаллаҳ ҳарос намудаанд. Пас аз куштани духтар ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Духатри ҷабрдида то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҳалокат мерасад.

Шиносҳои духтар ҳикоят кардаанд, ки қаблан онҳо тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба ақидаи онҳо, сабаби даст ба куштор задани ҷавон рашк аст. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқаааш “ё аз они ӯ мемонад ё аз они ҳеҷ кас намешавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио