Соҳибкорони ӯзбек дар давоми 16 сол ба иқтисоди Тоҷикистон 74,1 млн сармоягузорӣ кардаанд

Соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, дар давоми 16 сол (солҳои 2007-2023) ба иқтисоди кишвар 74,1 млн доллар сармоя ворид кардаанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Гуфта мешавад, рӯзи 10 март дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири […]

Asia-Plus

Соҳибкорони Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон машғули коранд, дар давоми 16 сол (солҳои 2007-2023) ба иқтисоди кишвар 74,1 млн доллар сармоя ворид кардаанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 10 март дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов дидору гуфтушунид кард.

Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 90 корхона бо ҳиссаи соҳибкорони Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ҷиҳати афзоиши ҷалби сармояи мустақим, баргузории форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби сафари президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон изҳор омодагӣ шуд.

Қаблан зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ки рӯзи 11 март дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи зиёд кардани ҳаҷми савдои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки ҳарчанд ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллар расида бошад ҳам, имкону захираҳо барои бамаротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст