Мақомоти вилояти Суғд рӯйхати дарахтони куҳансоли вилоятро тартиб дода, атрофи баъзеи онро иҳота кардаанд ва ҳамакнун ният доранд, барои баъзеашон шиноснома таҳия кунанд. Ду дарахти куҳансоли ин вилоят ба рӯйхати дарахтони куҳансолтарини ҷаҳон шомил шудаанд.
Дар умум, ба ин рӯйхат чанд дарахт ворид шудааст, синни онҳо чанд аст ва дар куҷо ҷойгир шудаанд?
Ба иттилои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ин минтақа 110 дарахти кӯҳансолро ҳисоб кардаанд, ки умри беш аз 1000-сола доштаанд.
Акрамҷон Юсупов, корманди шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набобот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ду дарахти куҳансолтарин – Тути калон дар шаҳри Хуҷанд ва Чинори бобо дар ноҳияи Ашт умри беш аз 1 ҳазору 500-сола доранд.
“Ин ду дарахт ба рӯйхати куҳансолтарин дарахтони ҷаҳон шомил мешаванд”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.
Бо назардошти синни ин дарахтон ва ҷиҳати ҳифзи онҳо, масъулини Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд атрофи чандин дарахти куҳансолро иҳота кардаанд.
“Масалан, 2-3 сол пеш атрофи дарахти "Тути Панҷшанбе”-и Хуҷандро бо панҷара иҳота карда ва сангеро бо навиштаҷот гузоштем, ки бозгӯйи синни куҳани ин дарахт аст”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.
Ӯ мегӯяд, қаблан зери сояи ин дарахт кӯҳнадӯзон фаъолият мекарданд ва ҳоло дар атрофи он сайёҳони зиёдро дидан мумкин аст, ки ба синну таърихи ин дарахт таваҷҷуҳ мекунанд.
Ҳамчунин, соли 2021 атрофи дарахти Тути калонро иҳота карданд. Ин дарахти куҳансолтарини вилоят дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.
Чинори бобо низ аз куҳансолтарин дарахтони вилоят аст, ки дар ноҳияи Ашт ҷойгир шудааст.
Сегонаи Ардач сеюмин дарахти кӯҳансоли вилояти Суғд буда, он низ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.
Акрамҷон Юсупов мегӯяд, барӯйхатгирии дарахтони куҳансол ба хотири ҳифзи мероси табиӣ муҳим аст.
“Ҳоло боз ният дорем, барои ин дарахтон шиноснома таҳия кунем ва лавҳаи муаррификунандаи онро бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб намоем. Бо ин роҳ, мехоҳем аҳамияти таърихии онро барои сокинон ва сайёҳон нишон диҳем”, – гуфт Акрамҷон Юсупов.
Бо ин мақсад, онҳо аз Раёсати фарҳанги вилоят хостаанд, ки дар ин кор онҳо ҳам саҳмгузор бошанд.


